Видео: Устураи шинои ҷаҳон аз куса шикаст хурд
Июл 25, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
Майкл Фелпс, шиногари амрикоии барандаи 23 медали олимпӣ, дар мусобиқа бо куса шикаст хурд.
Дар ин мусобиқа, ки таҳти унвони "Фелпс алайҳи куса... мубориза барои бартарӣ дар уқёнус" баргузор шуд, Майкл Фелпси 32 сола, дар савоҳили Африқои Ҷанубӣ ба рақобат бо кусаи сафед пардохт, аммо бо ихтилофи 2 сония аз кусаи сафед шикаст хурд .
Фелпс ин мусобиқаро яке аз душвортарин мусобиқаҳои зиндагии худ тавсиф кард .