Идомаи тирандозиҳои маргбор дар Амрико
Тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико, 5 кушта ва чандин захмӣ бар ҷо гузошт.
Ба гузориши пойгоҳи интерентии "ABC"-и Амрико, рӯзи чаҳоршанбе бар асари тирандозӣ дар шаҳри Феникс, ҷануби ғарби иёлати Аризонаи Амрико як нафар кушта шуд. Рӯзи гузашта тирандозии дигаре дар шаҳри Ню-Плимути иёлати Айдаҳои Амрико рух дод, ки бар асари он як навҷавони 17 сола кушта шуд. Минтақа Beltzhoover дар шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания низ шаби гузашта шоҳиди тирандозӣ буд, ки бар асари он, як нафар захмӣ шуд. Дар тирандозӣ дар шаҳри MIDWEST иёлати Оклоҳомаи Амрико низ як навҷавон захмӣ шуд. Тирандозии дигаре дар шаҳри Уилмингтони иёлати Каролинаи Шимолӣ рух дод, ки бар асари он як мард захмӣ шуд. Пулиси Амрико эълом кард, ки таҳқиқотро барои шиносоии омилони ин тирандозиҳо оғоз кардааст. Маркази омори тирандозиҳои Амрико чанде пеш дар гузорише эълом кард, дар шаш моҳи ибтидои соли 2016, 24 ҳазору 532 маврид тирандозӣ дар Амрико рӯй додааст, ки бар асари он, 6 ҳазору 303 нафар кушта ва 12 ҳазору 952 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Давлати Амрико дар ду соли гузашта талош кардааст, то дар қонуни ҳамли силоҳ ислоҳоте анҷом диҳад, аммо соҳибони ширкатҳои бузурги аслиҳасозӣ бо нуфӯзе, ки дар Конгресси Амрико доранд, иҷозаи эҷоди маҳдӯдият барои ҳамли силоҳро намедиҳанд.