Июл 27, 2017 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт кишваре, ки мардумаш гӯшти хар мехӯранд!

  Бархе кишварҳои дунё ба парвариши улоғ (хар) барои истифода аз гӯшти он рӯй овардаанд.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” бар асоси нақшаҳои харитагии Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), Чин бештарин тавлид ва масрафи гӯшти улоғро ба худ ихтисос додааст.

 Пас аз Чин кишварҳои Нигер, Буркина Фасо, Сенегал, Молӣ, Мавритания, Испания ва Булғория бештарин тавлидкунандагони ин навъи гӯшт ба шумор мераванд.

  Кишварҳои Испания ва Булғория дар соли 1961 ҷузъи муштариёни ҳамешагии ин навъ аз гӯшт будаанд.