Кореяи Шимолӣ дар як қадамии ҳамлаи мушакӣ ба хоки Амрико
Ҷаддидтарин баррасиҳои муҳаққиқон Пентагон (вазорати дифои Амрико) нишон медиҳад, ки Кореяи Шимолӣ то як соли дигар метавонад бо мушаки қорапаймои худ, хоки Амрикоро ҳадаф қарор диҳад.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз ИРНА, Амрико дар ҳоли ҷамъоварии тасовири моҳвораӣ аст, ки таҳаррукоти Кореяи Шимолиро дар сайтҳои мушакии ин кишвар нишон медиҳад.
Вашингтон пеш бини кардааст, ки Кореяи Шимолӣ қасд дорад як мушаки қорапаймо ва ё як мушаки баллистикии атомӣ аз рӯи зердарёӣ партоб кунад.
Ким Чен Ин - раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки кишвараш имсол мушаки қорапаймои баллистики атомиро бо муваффақият озмоиш кардааст.
Танҳо мавриде, ки ҳанӯз барои амрикоиҳо ношинохта монда, ин аст, ки онҳо намедонанд Кореяи Шимолӣ дар сохт кулоҳакҳои атомӣ, ки рӯи мушакҳои қорапаймо насб шаванд, то чӣ андоза пешрафт кардааст.
Кореяи Шимолӣ борҳо эълом кардааст, ки барномаи мушакӣ ва ҳастаии ин кишвар, ба манзури муқобила бо таҳдидоти Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи Пхенян сурат мегирад.