Тазоҳурот дар пойтахти Афғонистон
(last modified Thu, 27 Jul 2017 15:15:11 GMT )
Июл 27, 2017 20:15 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар пойтахти Афғонистон

Тарафдорони “Ҷубниши растохези тағйир” дар Афғонистон, дар эътироз ба афзоиши ноамниҳо ва бароварда нашудани хостаҳояшон бори дигар дар Кобул-пойтахти ин кишвар тазоҳурот карданд.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Тасним, ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот муҳокима ва барканории бархе аз мақомоти амниятӣ, аз ҷумла мушовири амнияти миллӣ, раиси Идораи амнияти миллӣ ва вазири корҳои дохилии Афғонистонро хостор шуданд.

 Муътаризон таҳдид карданд, то бароварда шудани хостаҳояшон ба тазоҳурот идома медиҳанд.

 Онон аз парлумони Афғонистон хостанд, то бар асоси модаи 69 Қонуни асосӣ, сарони давлати Ваҳдати миллиро ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар мавриди пайгард қарор диҳанд.

 Муътаризон, ҳукумати Ваҳдати миллиро номашрӯъ эълом ва ба афзоиши ноамниҳо ва бетаваҷҷӯҳии давлати Афғонистон ба умури амниятӣ эътироз карданд.

 Тазоҳуркунандагон бо бастани масири рафту омад ба самти Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон таъкид карданд, ҳукумати Ваҳдати миллӣ дигар барои мардум қобили қабул нест.

 Дар ин тазоҳурот ҳамчунин тобути рамзии "ҳакумати Ваҳдати миллии Афғонистон" дар дасти муътаризон буда ва онҳо истеъфои раисиҷумҳури ин кишварро хостор шуданд.

 Ин тазоҳурот аз сӯи неруҳои амниятии афғон саркӯб шуд ва панҷ нафар аз муътаризон дар тирандозӣ кушта ва наздик ба 20 нафари дигар низ захмӣ шуданд.