Кохи Сафед: Трамп таҳримҳои Эрон ва Русияро имзо мекунад
(last modified Sat, 29 Jul 2017 05:24:28 GMT )
Июл 29, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед: Трамп таҳримҳои Эрон ва Русияро имзо мекунад

Кохи Сафед бомдоди шанбе дар баёнияе эълом кард, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико қасд дорад тарҳи Конгресси Амрико барои таҳрими Эрон, Русия ва Кореяи шимолиро имзо ва онро ба қонун табдил кунад.

Маҷлиси Сенати Амрико бомдоди ҷумъа тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрону Русия ва Кореяи шимолиро бо 98 раъйи мувофиқ ва танҳо 2 раъйи мухолиф ба тасвиб расонд.

Ин тарҳ пеш аз ин бо 419 раъйи мусбат ва фақат 3 раъйи манфӣ ба таъйиди Маҷлиси намояндагони Амрико расида буд.

Пас аз тасвиби ин тарҳ дар Конгресси Амрико, ин тарҳ танҳо мунтазири имзои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикост то ба қонун табдил ва иҷро шавад.

Никки Ҳили, намояндаи Амрико дар Созмони милал ахиран бо ишора ба ҳимоятҳои Эрон ва Русия аз давлати қонунии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар ҷанг бо террористҳо таъкид кард, Трамп ва тими вай дар ҳоли баррасии имкони таҳрими бештари Эрон ва Русия ба далели ҳимоят аз Сурия ҳастанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонаш оғоз шудааст.