Чин бандари муҳими Шри-Ланкаро иҷора кард
(last modified Sun, 30 Jul 2017 07:49:21 GMT )
Июл 30, 2017 12:49 Asia/Dushanbe
  • Чин бандари муҳими Шри-Ланкаро иҷора кард

Давлати Шри-Ланка бо имзои қарордоди як миллиарду садмиллиондолларӣ бандари Ҳамбантота  (Hambantota) дар ҷануби ин кишварро ба муддати 99 сол ба Чин вогузор кард.

Ба гузориши ИРНА, тибқи ин қарордод, як ширкати давлати Чин барои 99 сол ин бандар ва 6000 гектар аз заминҳои кишоварзии атрофи онро дар ихтиёр мегирад.

Бандари Ҳамбантота яке аз муҳимтарин масирҳои киштиронии миёни Осиё ва Аврупо аст.

Вогузории ин бандар ба далели нигаронии давлати Шри-Ланка дар бораи истифодаи низоми Чин аз ин бандар ба таъхир афтода буд.

Пеш аз ин садҳо нафар аз мардуми шаҳри бандарии Ҳамбантота дар эътироз ба тасмими давлати Шри-Ланка барои иҷораи ин бандар ба Чин тазоҳурот карда буданд.

Мӯътаризон, ки теъдоде аз ононро кишоварзон ташкил медонанд ин иқдоми давлатро ба манзалаи фурӯши кишвар ба Чин дониста ва хостори таҷдиди назар дар ин тасмим шуда буданд.

Бо иҷора додани бандари Ҳамбантота ба Чин ҳудуди 15 ҳазор нафар аз рустоиён ин минтақа бояд маҳали зиндагии худро тарк кунанд.

Давлати Шри-Ланка гуфтааст, ба ин афрод дар ҷойи дигар замин хоҳад дод.