Вокуниши Путин ба таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20842-Вокуниши_Путин_ба_таҳримҳои_Амрико
   Раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба тасвиби тарҳи таҳримҳои ҷадиди Вашингтон зидди Маскав дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико, гуфт, тарафи амрикоӣ бори дигар гоме барои тиратар кардани равобит бардоштааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 31, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Путин ба таҳримҳои Амрико

   Раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба тасвиби тарҳи таҳримҳои ҷадиди Вашингтон зидди Маскав дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико, гуфт, тарафи амрикоӣ бори дигар гоме барои тиратар кардани равобит бардоштааст.

     Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз ИРНА, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи “Аввал” телевизиони ин кишвар гуфт, Амрико таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Маскав эъмол кардааст ва барои таъсиргузорӣ бар кишварҳои дигар, аз ҷумла муттаҳидоне, ки алоқаманд ба тавсеаи равобит бо Русия ҳастанд, талош мекунад.     

   Путин дар бораи бастаи таҳримҳои Маскав алайҳи Вашингтон низ афзуд, шумори коркунони марокизи дипломатии Амрико дар Русия, баробар бо марокизи русӣ дар ин кишвар мешавад ва 755 нафар аз коркунони намояндагиҳои дипломатии Амрико дар Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

   Беш аз 1000 корманд ва дипломат дар сафорат ва сарконсулгариҳои Амрико дар Русия фаъолият мекунанд.

   Русия рӯзи ҷумъа барои муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Амрико, дастури коҳиши теъдоди дипломатҳои амрикоӣ дар Маскавро содир ва эълом кард, амлоки дипломатии ин кишвар низ дар Русия аз оғози моҳи август тавқиф мешавад.

  Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико, ахиран дар идомаи рӯйкарди хасмонааш, тарҳи таҳримҳои ҷадидро зидди Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ тасвиб карданд.