Оғози бузургтарин муҳокимаи муттаҳамони табаддулоти нофарҷоми Туркия
Манобеи хабарӣ аз оғози бузургтарин муҳокимаи муттаҳамони муртабит ба табаддулоти нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 дар ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба гузориши “Франс пресс”, бузургтарин муҳокимаи муртабит ба табаддулоти нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 дар Туркия имрӯз, сешанбе, бо тадобири шадиди амниятӣ дар зиндони наздики Анкара, пойтахти ин кишвар оғоз шуд. Гуфта мешавад, наздик ба 500 гумонбари парвандаи марбут ба пойгоҳи ҳавоии “Акинҷи”, ки ба унвони маркази фармондеҳии табаддулотгарон маврид истифода қарор гирифт, ҳамзамон муҳокима мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Вазорати умури дохилии Туркия дар баёнияе эълом карда буд, ҳафтаи гузашта ҳудуди 1100 нафар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Гулен ё табаддулоти нофарҷоми соли гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар боздошт шуданд. Дар баёнияи Вазорати умури дохилии Туркия омадааст, аз ин теъдод боздоштшуда 831 нафар муртабит ба гурӯҳи Гулен ва 213 нафари дигар муртабит ба Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) аст.
Дар кудатои нофарҷоми Туркия дар соли гузашта ҳудуди 250 нафар кушта ва 2200 нафар низ захмӣ шуд. Ҳукумати Туркия пас аз табаддулоти июли соли 2016 беш аз 150 ҳазор нафарро боздошт ва ё аз кор барканор кардааст.