Трамп: Обама бунёнгузори ДИИШ аст
Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳури Амрико раисҷумҳури кунунии ин кишварро бунёнгузори гурӯҳи террористии ДИИШ муаррифӣ кард.
Ба иттилои хабаргузории "Франс-пресс", Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар иёлати Флоридаи Амрико гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ ба Барак Обама, раисҷумҳури Амрико эҳтиром мегузорад, ки ин нишон медиҳад, ӯ бунёнгузори ин гурӯҳ аст. Трамп ҳамчунин бо интиқод аз Ҳиллари Клинтон, рақиби демократи худ гуфт, Ҳиллари Клинтон бо Обама дар ташкили гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамкорӣ доштааст.
Чанде пеш Доналд Тармп Обаморо бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрико гуфта буд.
Дар ҳамоишҳои ҳизбии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар моҳи гузашта Доналд Трамп ва Ҳиллари Клинтон ба таври расмӣ ба унвони номзадҳои ин ду ҳизб барои вуруд ба Кохи Сафед муаррифӣ шуданд. Марҳилаи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳури Амрико ҳаштуми ноябри соли 2016 баргузор хоҳад шуд.