Август 06, 2017 19:31 Asia/Dushanbe
  • 27 кушта бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои таслеҳотӣ дар Амрико гузориш дод, дар панҷоҳу се мавриди тирандозӣ таи рӯзи шанбе дар иёлотҳои мухталифи ин кишвар 27 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд.

Маркази сабти омори хушунатҳои таслеҳотӣ дар Амрико рӯзи якшанбе гузориш дод, бештари ин тирандозиҳо дар иёлотҳои Пенсилвания, Флорида, Монтана ва Айдаҳо рӯй дод .

Маркази сабти омори хушунатҳои таслеҳотӣ дар Амрико ҳамчунин гузориш дод, сиву ҳафт ҳазору 72 мавриди тирандозӣ аз ибтидои соли 2017 токунун дар шаҳрҳову иёлотҳои мухталифи Амрико ба сабт расидааст, ки ин теъдоди тирандозӣ 9 ҳазору 207 кушта ва 18 ҳазору 427 нафар захмӣ барҷо гузоштааст .

Солиёна ҳазорон нафар, бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд .

 

 

Барчасп