"Рӯъёи Трамп барои инзивои Эрон"
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21254-Рӯъёи_Трамп_барои_инзивои_Эрон
Пойгоҳи интернетии Блумберг дар гузорише бо унвони “Рӯъёи Трамп барои инзивои Эрон” навишт : “Доналд Трамп ба дунболи аз байн бурдани Барҷом ва таваққуфи ногаҳонии сармоягузориҳо дар Эрон аст”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2017 10:55 Asia/Dushanbe

Пойгоҳи интернетии Блумберг дар гузорише бо унвони “Рӯъёи Трамп барои инзивои Эрон” навишт : “Доналд Трамп ба дунболи аз байн бурдани Барҷом ва таваққуфи ногаҳонии сармоягузориҳо дар Эрон аст”.

Бисёре аз таҳлилгарон муътақиданд, тавофуқи ҳастаии Эрон, ки дар июли соли 2015 ҳосил шуд, танҳо пас аз гузашти шаш моҳ аз давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп дар ҳоли мувоҷеҳ шудан бо мушкил аст.

Ин дар ҳолест, ки Русияву Чин ба ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо боз кардани боби музокира дар бораи матни Барҷомро, ки ба сахтӣ ба даст омадааст, рад кардаанд.

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо ҳузур дар маросими савгандёдкунии дувумин давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ, дар рӯзи 5-уми август аз Барҷом дифоъ кард.

Аммо Трамп бо таҳрифи воқеиятҳо ва бо рӯйкард ба масоили иддаоии ғайримуртабит бо мавзӯи ҳастаӣ, талош мекунад бо давр задани Барҷом масири худро ба самти як навъ бозгашт ба қафо ҳамвор кунад ва аз ин тариқ ба Барҷом поён диҳад.

Хабаргузории “Ассошейтед Пресс” дар ин хусус дар гузорише менависад: “Амрико қасд дорад то бозрасиҳои бештареро аз сайтҳои низомии Эрон, ки машкук ба назар мерасанд ва навъе ҳаракати илтиҳобӣ доранд, ба амал оварад. Аммо барои бозсозии эътилофи байналмилалӣ барои фишор овардан ба Эрон дучори мушкил хоҳад буд”.

Мавзеи Эрон дар қиболи силоҳҳои ҳастаӣ аз ибтидо шаффоф будаву пас аз тасвиби қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони милал дар таъйиди Барҷом, Вазорати хориҷаи Эрон бо судури баёнияе эълом кард, Эрон нобудии комили силоҳҳои ҳастаиро ба унвони як зарурати амнияти байналмилалӣ ва як таклифи мутобиқ бар Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ( NPT ) мавриди таъкид қарор медиҳад ва хоҳони эҷоди манотиқи орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ, ба вижа дар Ховари Миёна аст.

Табиист, ки Барномаи мушакии Эрон низ дар чорчӯби иқдомоти маъмулии дифоӣ аст ва Эрон ҳаргиз дар хусуси тавони дифоии худ музокира нахоҳад кард.

Бинобар ин, роҳе ки Трамп барои нақзи Барҷом дар пеш гирифтааст, он гуна, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, монанди задани қойиқ ба харсанг аст.

Аз нигоҳи шабакаи хабарӣ ва таҳлилии Блумберг, коршиканиҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар қиболи Барҷом акнун як замина ва фазои ҷиддӣ барои рақибони Амрико дар Эрон ба вуҷуд овардааст ва ширкатҳои нафтии Амрико бузургтарин бозандагони ин тавофуқ ҳастанд.

Аммо ҷудо аз ин масоил, нуктаи муҳиме, ки Раҳбари муаззами инқилоб дар маросими тасдиқи ҳукми раёсати ҷумҳурии Эрон хотирнишон карданд, таъкид бар ин воқеият аст, ки "агарчӣ таҳримҳо мушкилотеро ба вуҷуд овард, аммо муҷиб шуд тавваҷуҳи мо ба зарфиятҳову тавоноиҳои дохилӣ мутамаркиз шавад ва ба ҳамин иллат имрӯз бо вуҷуди монеаҳои душман, Эрон ба маротиб қавитару муқтадиртар аз солҳои аввали инқилоб аст”.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, чаҳор даҳа фаъолияти байналмилалӣ нишон додааст, ки ҳазинаи таслим дар баробари қудратҳои зӯргӯ ба маротиб бештар аз ҳазинаи истодагӣ дар баробари онҳост.