Харбузаи Афғонистон ба Русия нарасид
Утоқи саноат ва бозаргонии Афғонистон ба фосид шудани 18 тон харбузаи ин кишвар дар Тоҷикистон, ки мебоист ба Русия содир мешуд, эътироз кард.
Ба гузориши “Спутник”, ба гуфтаи Масъуди Ваҳдат, мудири Утоқи саноат ва бозаргонии вилояти Қундӯзи Афғонистон, ин миқдор харбуза мебоист аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Русия мунтақил мешуд, аммо ба далели содир нашудани муҷаввиз дар гумруки ин ҷумҳурӣ аз байн рафт.
Вай таъкид кард, 18 тон харбузаи содиротии кишоварзони вилояти Қундӯзи Афғонистон ба муддати 6 рӯз дар гумруки Тоҷикистон барои дарёфти муҷаввизи транзит ба Русия нигаҳдорӣ шуд, ки ин амр боиси талаф шудани ин маҳсул гашт.
Ба гуфтаи ин мақоми афғонистонӣ, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон харбузаи худро ба Русия содир мекунад ва ба ҳамин далел аз судури муҷаввизи транзити ин маҳсули кишоварзии Афғонистон худдорӣ кардааст.
Масъулини Утоқи саноат ва бозаргонии Афғонистон мегӯянд, ки давлати Кобул барои ҳимоят аз содиркунандагони ин кишвар ҳеҷ барномае надорад. Аз ин рӯ ба гуфтаи Ҳошими Расулӣ, иқтисодшиноси Афғонистон миқдори зиёде аз меваи кишоварзони ин кишвар ба далели содир нашудани муҷаввизи интиқол ба Ҳиндустон, дар Кобул талаф шудааст.
Ҳол он ки қимати харбуза дар Русия дар муқоиса бо Афғонистон бисёр болост ва кишоварзони афғонистонӣ метавонистанд аз роҳи содироти ин маҳсул даромади молии муносибе ба даст оваранд.