Август 12, 2016 21:17 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи ҷадиди боздоштҳо дар дастгоҳи қазоии Туркия

Манобеи хабарии Туркия аз оғози мавҷи ҷадиди боздоштҳо дар дастгоҳи қазоии Туркия хабар доданд.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии телевизиони "Ти Ор Ти"-и Туркия, Додситонии кулли Анкара дастури боздошти 648 қозӣ ва додситонро, ки Маҷмаи олии қазоват ва додситонҳои Туркия ду рӯзи пеш муваққатан ононро аз кор барканор кардааст, содир кард.

550 тан аз ин афрод аз додрасон ва додситонҳои маҳокими додгустарӣ ва 98 тан аз додрасҳои ва додситонҳои девони идорӣ ҳастанд.

Ин афрод ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ таҳти пайгард қарор гирифтаанд.

Хабари дигар ҳокист, Умар Форуқ Ойдинар, муовини додситони минтақаи Бокиркӯи Истанбул дар дархости ҷазо алайҳи Закариё Аваз, муовини собиқи додситони кулли Истанбул ва масъули аслии пайгирии парвандаи фасоди бузурги молии мавсум ба "Парвандаи 17 декабр"-и соли 2013 мелодӣ, ки ба Олмон гурехта аст, хостори маҳкумияти вай ба муҷозоти ҳабси абад шуд.

Муовини додситони Бокиркӯй барои ду тани дигар аз додситонҳои собиқи Истанбул ба номҳои Ҷалол Коро ва Маҳмет Юзгеҷ, низ, ки парвандаҳои фасоди молиро пайгирӣ мекарданд, дархости ҳабси абад кардааст.

Дар муҷозоте, ки муовини додситони Бокиркӯй таҳия карда, ин афрод ба узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, талош барои сарнагунии давлати ҷумҳурии Туркия аз роҳи тавассул ба зӯр ва коршиканӣ дар муқобили фаъолиятҳои давлат, сӯиистифода аз ихтиёрот, ҷаъли асноди расмӣ, шунудҳои ғайриқонунӣ,  нақзи ҳарими шахсии шаҳрвандон, дурӯғпароканӣ, матраҳ кардани иттиҳомҳои сохтагӣ ва нақзи озодиҳои фардӣ муттаҳам шудаанд.

 

Барчасп