Август 12, 2017 11:00 Asia/Dushanbe
  • Чин: Дар сурати ҳамлаи Амрико ба Кореяи Шимолӣ Пекин мудохила мекунад

Як рӯзномаи муҳими вобаста ба ҳизби ҳокими Чин таҳдид кард: Агар иқдомоти таҳдидомези Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ манофеи Чинро ба хатар биандозад, бо қотеият бо онҳо бархурд хоҳад кард.

Ба гузориши  ИРНА, ин рӯзномаи чинӣ дар шумораи рӯзи шанбеи худ навиштааст: Агар Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар пайи ҳамлаи низомӣ барои барандозии ҳукумати Кореяи Шимолӣ бошанд, Чин иҷозаи чунин иқдомеро намедиҳад ва агар Кореяи Шимолӣ ҳам бо партоби мушак хоки Амрикоро таҳдид кунад, Пекин бетараф хоҳад монд.

Ин матлаб пас аз он интишор меёбад, ки танишҳо миёни Вашингтон ва Пхенян ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Таниш миёни Пхенян ва Вашингтон замоне шиддат гирифт, ки Доналд Тарамп раиси ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба озмоиши мушакҳои қорапаймои Кореяи Шимолӣ гуфт: Агар ин кишвар ба таҳдидҳояш идома диҳад бо оташ ва хашме, ки дунё то кунун ба худ надида, мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дар муқобил Кореяи Шимолӣ ҳам эълом кард, ба зудӣ тарҳеро барои ҳамлаи мушакӣ ба ҷазираи Гвом дар уқёнуси Ором, ки пойгоҳи низомёни амрикоӣ дар он қарор дорад, омода мекунад.

 

Барчасп