Вокуниши Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон ба ҷиноят дар Мирзо- Овланг
Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон фоҷеа дар минтақаи Мирзо Овланг, дар вилояти Сари Пули ин кишварро ҷиноят алайҳи башарият донист.
Ба гузориши хабаргузории “Ово”, раиси Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон пас аз ин фоҷеа ҳайатеро ба манзури баррасии ин ҷиноят ба вилояти Сари Пул эъзом кардааст.
Симо Самар афзуд, шавоҳид ва мадорики ба дастомада нишон медиҳад, ки ин ҷинояти ваҳшёнаро гурӯҳи Толибон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи ДИИШ муртакиб шудааст.
Вай гуфт, давлати Афғонистон бояд аз ғайринизомиён дар баробари ҳамалоти террористӣ ҳифозат ва амнияти тамоми шаҳрвандонро таъмин кунад то дигар ҳеҷ шаҳрванде қурбонии аъмоли террористии мухолифони давлат нашавад.
Бар асоси гузоришҳо, 150 хонавода дар минтақаи Мирзо Овланг дар муҳосираи террористҳо ҳастанд ва то кунун беш аз панҷоҳ ғайринизомӣ дар ин минтақа ба тарзи фоҷеаборе кушта шудаанд.
Пештар низ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон қатли оми Мирзо Овлангро ҷиноёти ҷангӣ хонд ва таъкид кард, нерӯҳои амниятӣ ва артиш интиқоми қурбониёни ин фоҷеаро хоҳанд гирифт.