Август 12, 2017 14:32 Asia/Dushanbe
  • Эътирози артиши Афғонистон ба беҳурматӣ ба муқаддасоти исломӣ

Садҳо нафар аз нерӯҳои артиши Афғонистон дар эътироз ба беҳурматӣ ба муқаддасоти исломӣ дар Кобул тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, нерӯҳои артиш дар маркази омӯзишии Кобул дар эътироз ба навишта шудани калимоти муқаддаси “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” дар ҷӯробҳояшон тазоҳурот карданд ва бузургроҳи Кобул- Ҷалолободро ба муддати чанд соат бастанд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон низ бо таъкид бар гузоштани эҳтиром ба муқаддасоти исломӣ афзуд, омилони беҳурматӣ ба арзишҳои исломӣ шиносоӣ ва муҷозот хоҳанд шуд.

Либоси нерӯҳои артиши Афғонистонро Амрико таъмин мекунад ва ин ҷӯробҳоро як ширкати қарордодӣ дар ихтиёри сарбозони афғонистонӣ гузоштааст.

 

Барчасп