Интиқоди доктор Абдуллоҳ аз нодида гирифта шудани нақши муҷоҳидин дар Афғонистон
Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон гуфт, раҳбарони собиқи муҷоҳидин метавонанд, нақши асосӣ дар таъмини амният ва барқарори сулҳу субот дар ин кишвар ифо кунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи якшанбе дар ҷамъи сарони собиқи муҷоҳидини Афғонистон дар вилояти Каписо дар шимолу шарқи ин кишвар, афзуд, муҷоҳидин метавонанд, нақши барҷастае дар мубориза бо гурӯҳҳои мухолифи давлати ин кишвар ифо кунанд, аммо ҳукумат нақши муҷоҳидинро дар ин замина нодида гирифтааст.
Вай афзуд, муҷоҳидин дар таъмини амният дар Афғонистон таъсиргузор ҳастанд, аммо ҳукумат аз ин зарфият ба дурустӣ истифода накардааст.
Доктор Абдуллоҳ гуфт, муҷоҳидини афғон омода ҳастанд, то барои таъмини амният бо гурӯҳҳои мухолифи давлат мубориза кунанд.
Абдурраби Расул Сайёф аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, пеш аз ин ҳушдор дода буд, ҳукумат талош дорад, то дасти раҳбарони ҷиҳодиро аз тасмимгириҳои сиёсӣ дар ин кишвар кӯтоҳ кунад.