Акс: Ҳиҷобситезии Ататурк ва ҳиҷоби Латифа хонум
Мустафо Камол Пошо-маъруф ба Ататурк ба маънои падари туркҳо- агарчи ба дунболи мамнуъ кардани ҳиҷоб дар Туркия буд, аммо ҳамсари худаш Латифа Ҳонам (хонум) бо ҳиҷоб дар малаи ом ҳозир мешуд.
Ба нақл аз хабаргузории Шафақно, 94 сол қабл дар 13 августи 1923 Мустафо Камол Пошо дар Туркия ба раёсатҷумҳурӣ расид .
Тағйири алифбои туркӣ аз арабӣ ба лотин, тарвиҷи миллигароии турк ва мухолифат бо ҳиҷоби бонувон аз муҳимтарин иқдомоти ӯ будааст .
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар зиндагии Ататурк, талоши ӯ барои беҳиҷоб сохтани занони Туркия буд, дар ҳоле, ки Латифа хонум, ҳамсараш ҳамвора дар анзори умумӣ бо пушиши исломӣ ҳозир мешуд .
Давлати лаики Туркия дар солҳои пас аз Ататурк саъй мекард, то муҳаҷҷаба будани Латифа хонумро нодида бигирад ва бархе тасовири беҳиҷоби ӯро, ки ба назар мерасад, дар хона ва ё дар ҷамъҳои хусусӣ гирифта шудааст, ба унвони тасовири беҳиҷоб аз Латифа хонум мунташир кунад .
Гоҳе низ талош мешуд, то бархе тасовири Латифа хонум, ки бо ҳиҷоби комил дар канори Ататурк истода, ҳазф шавад ё дар бархе аксҳо, занони беҳиҷоберо, ки дар канори Ататурк буданд -монанди духтархондааш Иффати Инон-ба унвони ҳамсари ӯ муаррифӣ кунанд .
Камол Ататурк, рӯзи даҳуми ноябри соли 1938 дар 57 солагӣ дар асари бемории ҷигар аз дунё рафт .
Имрӯз 79 сол пас аз марги Ататурк, ҳамсарони бисёре аз мақомҳои баландпояи Туркия аз ҷумла раисҷумҳур ва нахуствазир муҳаҷҷаба ҳастанд .