Изҳори назари ҷадиди Фатҳуллоҳ Гюлен дар бораи Туркия бо ҷумлаҳои рамзӣ
Расонаҳои Туркия аз интишори ду файли видеоӣ аз сӯйи Гюлен хабар медиҳанд, ки бо ҷумлаҳои рамзӣ мухотабони худро ба иқдомоти ҷадид фаро мехонад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Охор”-и ҷумҳурии Озарбойҷон, Фатҳуллоҳ Гюлен дар ду файли видеоии ҷадиде, ки мунташир кардааст мегӯяд, “бояд иқдоми ҷадиде анҷом дод”.
Гуфта мешавад, таъкиди Гюлен бар иқдоми ҷадид дар воқеъ дастури оғози як ҳамлаи ҷадид алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия аст.
Бархе коршиносони сиёсӣ низ мегӯянд, Гюлен дар мавридҳои изтирорӣ аз ин навъ ҷумлаҳо барои анҷоми сӯиқасд алайҳи афрод истифода мекунад.
Давлати Туркия муътақид аст, ки Гюлен бо рахна дар ташкилоти қазоӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва аркони давлатӣ, кудатои 15-уми июлро созмондеҳӣ кардааст.
Гюлен борҳо зимни радди ин иддао эълом кардааст, ки давлати Туркия бояд шавоҳид ва мустанадоти худро дар ин хусус ироа кунад.
Дар кудатои 15-уми июли соли 2016-и Туркия 249 тан кушта ва 2 ҳазору 193 нафар низ захмӣ шуданд.
Муҳокимаи авомили кудатои нофарҷоми 15-уми июли Туркия дар ниҳодҳои қазоии Туркия идома дорад ва дар он Гюлен ба унвони муттаҳами радифи аввал муаррифӣ шудааст.
Давлати Туркия аз замони кудатои нофарҷоми июли соли гузашта то кунун ҳудуди 170 ҳазор нафарро дар ин кишвар ба иттиҳоми иртибот бо Гюлен боздошт ва ё аз кор барканор кард.