Титрҳои ҷанҷолии як рӯзномаи амрикоӣ дар бораи Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21814-Титрҳои_ҷанҷолии_як_рӯзномаи_амрикоӣ_дар_бораи_Трамп
Рӯзномаи амрикоии “Чигаго Сан Таймс” дар титре ҷанҷолӣ дар бораи вокуниши раиси ҷумҳарии Амрико ба тазоҳуроти нажодпарастон, Трампро “раиси ҷумҳурии ҷаълӣ” ва “гардани кулфати кулли Амрико” хитоб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 17, 2017 14:21 Asia/Dushanbe
  • Титрҳои ҷанҷолии як рӯзномаи амрикоӣ дар бораи Трамп

Рӯзномаи амрикоии “Чигаго Сан Таймс” дар титре ҷанҷолӣ дар бораи вокуниши раиси ҷумҳарии Амрико ба тазоҳуроти нажодпарастон, Трампро “раиси ҷумҳурии ҷаълӣ” ва “гардани кулфати кулли Амрико” хитоб кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Медиа Ай Ти Ай, титрҳои рӯзномаи “Чигаго Сан Таймс”  дар шумораи рӯзи чаҳоршанбе, тавваҷуҳи афкори умумии Амрикоро ба ин рӯзнома ҷалб кардааст.

Трамп дар вокуниш ба тазоҳуроти хушунатбори нажодпарастони сафедбартарпиндор дар Шарлотезвили иёлати Вирҷиния, ки се куштаву чанд захмӣ барҷой гузошт, нажодпарастону мухолифони нажодпарастиро баробар хондааст.

Дар бахши дидгоҳҳои рӯзномаи “Чигаго Сан Таймс”  ин ҷумла навишта шудааст, ки “агар касе дар ибтидо ба шумо ҳуввияти худро нишон дод, бовар кунед. Трамп - Трамп аст”.