Боздошти шаҳрдори Ҳироти Афғонистон
Нерӯҳои амниятии Афғонистон шаҳрдори Ҳиротро боздошт карданд.
Ба гузориши радио “Дари бурун марзи”-и Эрон, нируҳои амниятии Афғонистон чаҳоршанбе шаб Фарҳод Ниёиш, шаҳрдори Ҳиротро дар минтақаи Вазир Муҳаммад Акбархони шаҳри Кобул, пойтахти ин кишвар боздошт карданд.
Додситони кулли Афғонистон эълом кард, боздошти Фарҳод Ниёиш дар пайи иттиҳоми ихтилоси вай сурат гирифтааст.
Пеш аз ин Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон фаъолияти Ниёишро дар шаҳрдории Ҳирот ба ҳолати таълиқ дароварда буд.
Фасод дар идораҳои Афғонистон афзоиш ёфта ва Ашраф Ғанӣ ваъдаи муборизаи ҷиддиро бо он додааст.
Чанд рӯз қабл Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон гуфт, фасоди идорӣ дар ин кишвар туғён кардааст.