Август 18, 2017 17:22 Asia/Dushanbe
  • Худкушии даҳҳо кишоварзи ҳиндӣ

Манобеи хабарӣ аз худкушии 34 кишоварзи ҳиндӣ дар иёлати Маҳараштра, ғарби Ҳинд дар ҳафтаи гузашта хабар медиҳанд.

Мақомоти маҳаллии иёлати Маҳараштраи Ҳинд рӯзи панҷшанбе эълом карданд, хушксолӣ, нотавонӣ дар бозпардохти қарзҳои бонкӣ ва мушкилоти хонаводагии ношӣ аз вазъияти бади иқтисодӣ аз муҳимтарин омилҳои худкушии кишоварзони ҳиндӣ аст. Бар асоси омори мунташиршуда, аз ибтидои соли 2017 то кунун 580 кишоварзи ҳиндӣ дар иёлати Маҳараштра иқдом ба худкушӣ кардааст.

Ҳафтаи гузашта муътаризон бо баргузории тазоҳурот дар Мумбай, маркази иёлати Маҳараштра афзоиши ҷойҳои кор ва таъмини сокинон бо ҷойи кор дар корхонаҳои давлатӣ, муассисоти омӯзишӣ ва ислоҳи Қонуни ҳимоят аз гурӯҳҳои маҳрум, ҳамчунин коҳиши фоизи қарзҳои кишоварзонро хостор шуда буданд.

 

Барчасп