“Washington Post” Трампро чолиши бузург хонд
Рӯзномаи “Вашингтон пост”, раисиҷумҳури Амрикоро чолиши бузурги ҳал нашуданӣ барои ҷумҳурихоҳон ин кишвар хонд.
Рӯзномаи амрикоии “Washington Post” дар мақолае ба қалами Дон Белиз навишт, пас аз ҳаводиси иёлати Вирҷинияи Амрико, Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ба чолиши ҳал нашуданӣ барои ҷумҳурихоҳон табдил шудааст.
Хушунатҳои нажодпарастон алайҳи мухолифони нажодпарастӣ дар тазоҳуроти 12 август дар Вирҷиния ба марги як нафар ва захмӣ шудани шумори дигар мунҷар шуд, аммо Трамп дар изҳороти ҷонибдорона ба нафъи нажодпарастон, ҳар ду тарафро муқасир хонд.
“Washington Post” мӯътақид аст пас аз ин моҷаро, Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико бо гузинаҳои номуносибе барои бархӯрд бо раисиҷумҳури мутааллиқ ба ин ҳизб рӯбарӯ аст.
Нависандаи ин рӯзнома тасреҳ мекунад, ҷумҳурихоҳон аз тарафе маҳкум нашудани хушунати ҳомиёни нажодпарастиро аз сӯи Трамп, шикасте барои ин ҳизб медонанд ва аз сӯи дигар аз эҷоди шикоф миёни Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар остонаи интихобот соли 2018, нигаронанд.
Мақолаи Washington Post” меафзояд, бисёре дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба ин натиҷа расидаанд, ки рафтори Трамп ислоҳпазир нест, аммо дар ин ки бо чолише бо номи Трамп чӣ бояд кард, нотавон мондаанд.