Август 22, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Муҷтамаи Деҳкадаи олимпии Туркманистон дар Гиннес сабт шуд+тасовир

Муҷтамаи деҳкадаи ҷадиди олимпии Туркманистон, ки барои бозиҳои осиёии 2017 сохта шудааст, дар китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабт шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, истахри вижаи бозиҳои обии сарбастаи ин муҷтамаи варзишӣ ба унвони бузургтарин маҷмуаи бозиҳои обии ҷаҳон, ки дар сохти он аз масолеҳи табиӣ истифода шуда, яке аз мавориди сабтшуда дар Гиннес аст .

Image Caption

Илова бар ин сари асби “Ахол тикка”, ки бар сари дари варзишгоҳи 40 ҳазор нафарии ин маҷмуа насб шудааст низ ба унвони бузургтарин муҷассамаи меъмории сари асб дар китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабт шуд .

Image Caption

Панҷумин давраи бозиҳои дохили салон ва ҳунарҳои размии Осияё 2017 бо ҳузури 6 ҳазор варзишкор ба муддати 2 ҳафта дар 21 риштаи варзишӣ дар Туркманистон баргузор мешавад ва қарор аст, маросими ифтитоҳи ин бозиҳо 17 сентябр анҷом шавад.

Шахмат, футзал, теннис, бокс, кураш, биллинг, дучархасаворӣ, шино, баскетбол, вазнабардорӣ, давидан, таэквондо, кикбоксинг, гуштӣ ва саворкорӣ аз муҳимтарин риштаҳои Панҷумин даври бозиҳои Осиёии дохили салон ва ҳунарҳои размии 2017-и Ишқобод аст .

Туркманистон барои мизбонии Панҷумин давраи бозиҳои дохили салон ва ҳунарҳои размии Осиё 2017 тадорукоти густардае дошта, ки муҳимтарини он сохти шаҳраки олимпӣ дар Ишқобод ба масоҳати 157 гектар ва ба арзиши беш аз 5 миллиард доллар ва низ фурӯдгоҳи ҷадиди байналмилалии Ишқобод аст .

Image Caption
Image Caption
Image Caption