Афзоиши омори зоду валад дар пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон
(last modified Wed, 23 Aug 2017 09:44:29 GMT )
Август 23, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши омори зоду валад дар пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон

Оморҳо нишон медиҳад, ки мизони рушди ҷамъият дар Чин, ки унвони пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст, ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши ИРНА, бо лағви сиёсати якфарзандӣ дар Чин, ки наздик ба чаҳор даҳа иҷро шуда буд, бар шумори хонаводаҳое, ки фарзанди дувум мехоҳанд, афзуда шудааст.

Комиссияи танзими хонаводаи Чин рӯзи чаҳоршанбе дар торнамои худ овардааст, ки соли гузашта 18 миллиону 500 ҳазор навзод мутаваллид шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ду миллион кӯдак бештар будааст.

Ин комиссия пешбинӣ кардааст, ки дар солҳои пешорӯ шумори бештаре аз кӯдакон мутаваллид хоҳанд шуд.

Давлати Чин аз авоили соли 2016 сиёсати дуфарзандиро ба тасвиб расонд.

Аз соли 2000 мизони зоду валад дар Чин байни 1,5 то 1,6 дарсад буд, аммо ҳоло ба болотар аз 1 мумайиз 7 расидааст ва ин дар ҳолест, ки мизони маргу мири навзодон низ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.