Амрико дар ҳоли фаъол кардани ДИИШ дар Покистон
Дабири кулли Маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон гуфт, Вашингтон дар ҳоли фаъол кардани гурӯҳи террористии ДИИШ дар Покистон аст.
Аллома Роҷа Носир Аббос Ҷаъфарӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод гуфт, Амрико аз тариқи ДИИШ мехоҳад байни мусулмонони Покистон ихтилоф эҷод кунад.
Аллома Роҷа Носир Аббос Ҷаъфарӣ, зимни ибрози хашм аз сиёсатҳои таҷовузкорона ва тавсеаталбонаи Амрико дар минтақа гуфт, Вашингтон бузургтарин ноқизи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст ва барои ҳуқуқ ва ҷони инсонҳо ҳеҷ арзише қоил нест.
Вай аз мардуми ин кишвар хост, рӯзи ҷумъа пас аз хондани намоз дар сартосари Покистон, алайҳи Амрико тазоҳурот кунанд ва дахолати Вашингтон дар умури Покистонро маҳкум кунанд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар суханроние эъломи роҳбурди ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон ва Покистонро ба паноҳ додани террористҳо муттаҳам кард ва гуфт, сабри Вашингтон дар қиболи Исломобод басар омадааст.
Изҳороти Трамп бо хашми шадиди афкори умумӣ ва сиёсатмадорони ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.