Ихроҷи беш аз 900 корманди дигар дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22198-Ихроҷи_беш_аз_900_корманди_дигар_дар_Туркия
Ҳукумати Туркия боз ҳам бо баҳонаи иртибот бо кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 беш аз 900 кормандро аз кор ихроҷ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи беш аз 900 корманди дигар дар Туркия

Ҳукумати Туркия боз ҳам бо баҳонаи иртибот бо кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 беш аз 900 кормандро аз кор ихроҷ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”,  Ҳукумати Туркия бо судури ду ҳукми ҷадид дар рӯзи ҷумъа беш аз 900 нафар аз кормандони идороти давлатиро бо баҳонаи иртибот бо табаддулоти нофарҷоми 15-уми июли порсол ихроҷ кард. Ин ҳукмҳо бо ҳамкории Созмони истихборотии Туркия (MIT) танзим шуда буд.

Ниҳодҳои амниятӣ ва додгоҳии Туркия ба дастури Эрдуғон аз табаддулоти соли гузашта то кунун зимни эъмоли ҳолати фавқулодда дар кишвар беш аз 50 ҳазор нафарро боздошт ва ҳудуди 150 ҳазор нафарро аз мансабҳои давлатӣ ихроҷ кардаанд.