Август 25, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ, масъули ҳамлаи террористии Кобул

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди минтақаи Хайрхона, воқеъ дар шимоли Кобулро ба уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, пеш аз ин Толибон ҳамла ба ин масҷидро рад ва онро маҳкум карда буд.

Зуҳри ҷумъа афроди мусаллаҳе пас аз ҳамлаи инфиҷорӣ ба масҷиде дар минтақаи Хайрхона, шимоли Кобул ва тирборон кардани намозгузорон шумореро гаравгон гирифта, бо нерӯҳои амниятии Афғонистон даргир шуданд. Пулис тавонистааст теъдоде аз гаравгонҳоро озод кунад, аммо аз сарнавишти беш аз 40 нафари дигар аз гаравгонҳо гузорише мунташир нашудааст. Бар асоси охирин омори расмӣ, ин ҳодисаи террористӣ то кунун 4 кушта ва 8 захмӣ доштааст.

 

Барчасп