Август 26, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Даъвати ДИИШ барои ҳамалоти террористӣ дар Италия

Гурӯҳи террористии ДИИШ аз афродаш барои иҷрои амалиёти террористӣ дар Италия даъват кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии мавсум ба “Назорат бар ифротгароӣ”, канали телеграмии ДИИШ аз афроди худ дар Италия хостааст, ба сурати инфиродӣ ва бо истифода аз корду мошин ба ҳамалоти террористӣ иқдом кунанд.

Дар ин паёми ДИИШ, ки ба забони италияӣ навишта шудааст, тасвири марде дида мешавад, ки корде пушти худ пинҳон карда ва пасзаминаи он тасвири як шаҳр аст.

Дар пайи ин таҳдид, горди ҳифозатии попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ватикан эълом кард, барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи террористҳо омодагӣ дорад.

Горди ҳифозатии поп, муташаккил аз 110 сарбози швейтсарӣ аст, ки бо либоси рангоранги худ ҳамарӯза сюжети ҳазорон акс барои гардишгарон ҳастанд.

Пас аз ҳамалоти террористии ҳафта гузаштаи Барселонаи Испания, ки мунҷар ба кушта шудани 15 нафар шуд, гуфта мешавад Италия ҳадафи баъдии ҳамалоти ДИИШ қарор гирифтааст.

 

Барчасп