Август 26, 2017 17:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни ҳамлаи ДИИШ ба масҷиди Имоми Замон (а) дар Кобул

Узви Шӯрои уламои шиаи Афғонистон мегӯяд, дар ҳамлаи ДИИШ ба масҷиди Имоми Замон (а), дар шимоли Кобул дастикам 50 тан шаҳид ва 80 нафар захмӣ шудаанд.

Муҳаммадҳусайн Ҷаъфарӣ, муовини аввали Шӯрои ухуввати исломӣ ва узви Шӯрои уламои шиаи Афғонистон, мегӯяд, ки дар ҳамлаи террористӣ ба намозгузорони масҷиди Имоми Замон (а) дар Кобул, 50 тан шаҳид ва 80 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷаъфариӣ гуфт, ҳамлаи ДИИШ ба масҷиди Имоми Замон (а) бисёр васеъ буда ва масҷид комилан тахриб шудааст.

Бо ин ҳол, Вазорати беҳдошти Афғонистон қурбониёни ин ҳамларо беш аз 20 тан ва захмиҳоро 35 тан эълом кардааст.

Ин олими дин меафзояд, агар ба умқи ҳодиса нигоҳ кунем, оморе, ки нируҳои амниятӣ додаанд, дуруст намебошад.

Ба гуфтаи вай, ҳамла ба масҷиди Имоми Замон (а) соати 1:10 баъд аз зӯҳр шурӯъ мешавад, аммо нируҳои амниятӣ соати 2:30 ба маҳалли даргирӣ расиданд.

Рӯзи ҷумъа 4 узви гурӯҳи террористии ДИИШ, ҳангоми хутбаи намози ҷумъа ба масҷиди Имоми Замон (а) ҳамла кард. Ин ҳамла 4 соат тӯл кашид ва ду террористи ДИИШ худро мунфаҷир карданд ва ду тани дигарба зарби гулӯлаи нируҳои амниятии афғон кушта шуданд.

Дар ниҳоят беш аз 100 нафар, ки дар дохили масҷид ба гаравгон гирифта шуда буданд, озод шуданд.

Чаҳор нирӯи амниятии афғон дар ин ҳодиса кушта ва беш аз даҳ тани дигар захмӣ шуданд.

 

 

Барчасп