Август 29, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки Кореяи шимолӣ ба Ҷопон

Давлати Ҷопон эълом кард: Кореяи шимолӣ як мушаки баллистикӣ ба самти шимоли ин кишвар шиллик кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , хабаргузории Yonhap-и Ҷопон эълом кард, ки мушаки партобшуда аз Кореяи шимолӣ, аз минтақае дар наздикии Пхенян-пойтахти ин кишвар шиллик шудааст.

 Бино бар эъломи ин хабаргузорӣ мушаки шилликшуда аз навъи баллистикӣ буда ва ҳарими ҳавоии Ҷопонро поймол кардааст.   Ин мушак аз рӯйи Ҷопон гузашта, дар поёни масири худ ба се қисмат тақсим шуд ва наздикии минтақаи Хоккайдои Ҷопон дар об сарнагун гардид.

 Охирин бор соли 2009 Кореяи шимолӣ як мушакро бар фарози Ҷопон ба ҳаракат дароварда буд.

 Артиши Кореяи ҷанубӣ ҳам эълом кард: Мушаке, ки Кореяи шимолӣ шиллик кард масофати 2700 километрро паймуд ва дар баландии 550 километрӣ ҳаракат мекард.

Амрико, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон аз Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид хостанд барои барраси ин иқдоми Кореяи шимолӣ ҷаласа ташкил диҳад.  

Сухангӯи давлати Ҷопон ҳам гуфтааст: Озмоиши мушакии ахири Кореяи шимолӣ, таҳдиде барои Ҷопон буд ва Токио боқотеъият ба ин иқдом посух хоҳад дод.

 

Барчасп