Август 30, 2017 11:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Кореяи Шимолӣ: Озмоиши ахир муқаддимаи ҳамла ба мавозеи Амрико аст

Раҳбари Кореяи Шимолӣ таъкид кард, ки озмоиши мушакии ахири ин кишвар, муқаддимае барои ҳадаф қарор додани пойгоҳи Гуами Амрико аст.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз Ким Чен Ун гузориш дод, амалиёти шиллики мушаки баллистик монанди набарди воқеӣ аст, ин нахустин гом аз амалиёти низомии артиши халқи Корея дар Уқёнуси Ором ва муқаддимае муҳим барои ҳадаф қарор додани (пойгоҳ) Гуам Амрико аст.

Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе аз иқдоми Кореяи Шимолӣ дар шиллик як мушак ва убури он, аз осмони Ҷопон хабар дод.

Артиши Ҷопон низ эълом кард, иртифои мушаки шиллик шуда бисёр боло буда ва таҳдиде барои кишвар ба шумор намеомад, ба ҳамин далел онро сарнагун накардааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дирӯз (сешанбе) эълом кард, дар хусуси таомул бо Кореяи Шимолӣ, ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст ва ҷаҳон охирин паёми Кореяи Шимолиро комилан ошкор ва мафҳум дарёфт кард.

Кореяи Шимолӣ пештар низ дар вокуниш ба таҳдидҳои Трамп эълом карда буд, ки ҳамлаи мушакӣ ба ҷазираи Гуамро баррасӣ мекунад.

Ҷазираи Гуам дар шарқи Осиё, агарчи бахше аз хоки Амрико маҳсуб намешавад, аммо аз соли 1898 дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст ва ҳудуди 6 ҳазор нерӯи низомии амрикоӣ дар ин ҷазираи кӯчак мустақар ҳастанд.

 

 

Барчасп