Путин хитоб ба Амрико: Зуд бензин тамом мекунед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22507-Путин_хитоб_ба_Амрико_Зуд_бензин_тамом_мекунед
Раиси ҷумҳурии Русия таҳдиди ахири Амрико дар бораи мунзавӣ кардани кишварашро ба боди тамасхур гирифт ва хитоб ба мақомоти амрикоӣ гуфт: “Зуд бензин тамом мекунед”.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 31, 2017 14:06 Asia/Dushanbe
  • Путин хитоб ба Амрико: Зуд бензин тамом мекунед

Раиси ҷумҳурии Русия таҳдиди ахири Амрико дар бораи мунзавӣ кардани кишварашро ба боди тамасхур гирифт ва хитоб ба мақомоти амрикоӣ гуфт: “Зуд бензин тамом мекунед”.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба паҳноварии кишвараш ва марзҳои тӯлонии он ва нотавонии Амрико барои мунзавӣ кардани кишвараш бо тамасхур гуфт: “Амрикоиҳо агар бихоҳанд бо мошин марзҳои Русияро давр бизананд, зуд бензин тамом хоҳанд кард”.

Путин сухан аз мунзавӣ кардани Русия дар сатҳи байналмилалиро музҳик хонд ва гуфт, мошини онҳо наметавонад атрофи марзҳои Русияро тай кунад, зеро онҳо бензини кофӣ надоранд то атрофи марзҳои Русияро бигарданд.

Курт Фолкер, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Украина ахиран бо ишора ба таҳаввулоти дохилии ин кишвар гуфта буд, ин вазъият Амрикоро ба сӯйи мунзавӣ кардани Русия майл медиҳад.