Август 31, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми муттаҳамони террори Беназир Бҳутто пас аз 10 сол

Додгоҳи вижаи мубориза бо терроризми Покистон пас аз 10 сол, ҳукми ниҳоии худро дар бораи парвандаи террори Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи Покистон содир кард.

Ба гузориши расонаҳои Покистон, додгоҳи вижаи мубориза бо терроризми Покистон, рӯзи панҷшанбе дар ҳукми ниҳоии худ, панҷ нафар аз муттаҳамони ин парвандаро бегуноҳ донист ва таъкид кард, ҳеҷ мадраке ҳокӣ аз даст доштани ин муттаҳамони радифи дуввум дар парванда вуҷуд надорад, ба ҳамин далел онон озод мешаванд.

Ин додгоҳ ҳамчунин Хуррам Шаҳзод, раиси пулиси собиқи шаҳри Равалпиндиро ба далели пок кардани тамом шавоҳид ва мадорик дар маҳалли ҳодиса ва иттихоз накардани тадобири амниятӣ, барои ҳифозат аз Беназир Буҳуто ба 17 сол зиндон ва ду нафари дигар аз муттаҳамони ин парвандаро ба 10 сол зиндон ва пардохти ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Дар ҳукми содир шуда, Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури собиқи Покистон, фирори муаррифӣ шуда ва дастури мусодира дороиҳои ӯ дар Покистон содир шудааст.

Беназир Бҳутто 27 декабри 2007 дар як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Равалпиндӣ ба қатл расид.

 

Барчасп