Сентябр 02, 2017 11:35 Asia/Dushanbe

Марди флиппиние, ки худ ба тозагӣ ба дини мубини Ислом мушарраф шуда буд, ба шевае ҷолиб ҳамсарашро ба дини Ислом даъват кард.

Ин флиппинӣ, ки пас аз мусалмон шудан барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Макка рафта буд, дар он ҷо бо ҳамсараш тамос гирифт ва аз вай дархост кард, ки ба дини мубини Ислом бипайвандад.

 Марди флиппинӣ ба сурати телефонӣ шаҳодатайнро калима ба калима барои ҳамсараш такрор кард ва зан низ калимотро ба маҳзи шунидан яке пас аз дигаре бар забон овард.

 Ин мард гуфт, то кунун аз роҳҳои мухталиф саъй карда будам ҳамсармро ба ин дини комил ва бенуқс даъват кунам, аммо ин бор аз тариқи телефон дар замоне, ки барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Макка омадам, дар ин фазои хос аз ӯ муҷаддадан дархост кардам ва ӯ даст аз муқовиматҳои беҳуда бардошт ва билохира ба роҳи дуруст ҳидоят шуд.