Сентябр 02, 2017 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ба оташ кашида шудани 2600 хонаи мусулмонони Роҳингиё дар ғарби Мянмар

Созмони Милал эълом кард, беш аз 2600 хонаи мутааллиқ ба мусулмонони Роҳингиё дар устони Рохин, дар ғарби Мянмар тавассути артиши ин кишвар ба оташ кашида шудааст.

Ба гузориши “Рейтерз”, бино бар гузориши Комиссариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳндагони “UNHCR”, пас аз ин иқдоми артиши Мянмар, ҳудуди 58 ҳазору 600 нафар аз мусулмонони Роҳингиё аз тарси ҷонашон ба Бангладеш фирор карданд.

Созмони дидабони ҳуқуқ башар низ эълом кардааст, неруҳои амниятии Мянмар қасдан хонаҳои мусулмонони Роҳингиёро ба оташ мекашиданд.

Ҳудуди 38 ҳазор нафар аз мусулмонони Роҳингиё ҳам бо оғози амалиёти артиш зидди онҳо, бо фирор аз Мянмар худро ба Бангладеш расондаанд.

Амалиёти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Мянмар зидди мусулмонони Роҳингиё дар устони Рохини ин кишвар, аз ҳудуди дуҳфтаи пеш оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Устони Рохин ҳамвора аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти артиши Мянмар ва буддоиёни ифротӣ, алайҳи мусулмонони Роҳингиё аст, ки тайи он садҳо нафар кушта шудаанд.

Давлати Мянмар ҳудуд як миллион мусулмони Роҳингиёро муҳоҷирони ғайри қонунӣ медонад ва ҳеҷ ҳаққи шаҳрвандӣ барои онҳо қоил нест.