Сентябр 02, 2017 19:17 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Посухи маҳкаме ба таътилии консулгарии Русия дар Сан-Франсиско медиҳем

Яке аз дипломатҳои аршади вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав посухи маҳкаме ба тасмими ахири Амрико дар таътил кардани консулгарии Русия, дар Сан-Франсиско медиҳад.

Яке аз дипломатҳои аршади вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки Русия ба тасмими ахири Амрико дар хусуси таътилии консулгарии Русия дар Сан-Франсиско, ки ба эътиқоди Маскав талоше барои тира кардани равобити дуҷониба аст, «посухи маҳкаме» медиҳад.

Амрико дастури таътилии консулгарии Русия дар Сан-Франсиско то таърихи 2 сентябрро додааст.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, «ин гом дар воқеъ нақси шармовари қонуни байналмилал, аз ҷумла нақзи тааҳҳудоти Амрико дар қиболи Конвенсияи равобити консулӣ ва дипломатӣ мебошад».

Вай идома дод, ки Русия ҳаққи интиқомро барои худ мусаллам медонад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия низ зимни таъкид бар иники «мо хеле зуд баъд аз поёни арзёбиҳои худ, вокуниш нишон медиҳем», гуфт:«посухи маҳкаме ба иқдомоте медиҳем, ки бар асоси ҳеҷ, осебҳои (ба равобити дуҷониба)-ро ворид мекунад ва танҳо бар пояи тамоюлоти бархе барои тахриби равобит мо бо Амрико мебошад».

Лавров тасреҳ кард: «мехоҳам бигӯям, ки кулли ин моҷарои таҳримҳои мутақобилро мо шурӯъ накардем ва давлати Обама буд, ки тазъифи равобити Русия ва Амрикоро оғоз кард ва ба Трамп иҷоза надод, ки идаҳои созандаро тақвият кунад ва ба тааҳҳудоти қабл аз интихоботиаш амал кунад».

Анатолий Антонов, сафири ҷадиди Русия дар Амрико, хостори оромиш ва ҳифзи ҳирфаигарии Русия дар вокуниш ба ин иқдомоти Амрико шуд ва гуфт, «мо ниёзе ба туғёнҳои стресбарангез надорем. Мо мебоист бо оромиш ва хеле ором ва ба шеваи ҳирфаӣ, ин масъаларо назм бибахшем».