Сентябр 03, 2017 12:05 Asia/Dushanbe
  • Танҳо хостаи Маскав дар Сурия чист?

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, танҳо хостаи Маскав дар Сурияро шарҳ дод.

Ба гузориши “Русия ал-Явм”, Василий Небензя дар гуфтугӯ бо хабарнигорони рус дар Ню-Йорк гуфт: “Мо танҳо як чиз дар Сурия мехоҳем ва он ин аст, ки роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия пайдо ва амалӣ шавад ва мардуми Сурия сарнавишти худро таъйин кунанд”.

Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, дигар наметавон ба тағйироти мусбат дар Сурия эътироф накард.

 Вай гуфт: “Ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла кишварҳое, ки бо мо душманӣ варзиданд ва ба шиддат моро мавриди интиқод қарор доданд, чорае ҷуз ин надоранд, ки ба тағйироти мусбат дар заминаи субот дар Сурия ва нақши талошҳои Русия дар бораи он эътироф кунанд”.

Василий Небензя ба пирӯзиҳо дар муқобила бо терроризм, коҳиши чашмгири манотиқи таҳти ишғоли террористҳо, эҷоди манотиқи амн ва тазмини ирсоли кӯмакҳои инсонӣ ба манотиқи буҳронии Сурия ишора карда гуфт, аломатҳо ва нишонаҳои иҷрои роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия падидор шудааст.