Ихтирои яхдоне боби майли танбалҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22579-Ихтирои_яхдоне_боби_майли_танбалҳо
Ширкати “Панасоник” ба тозагӣ як робот-яхдон тарроҳӣ кардааст, ки метавон онро беҳтарин ҳадя барои танбалҳо донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 03, 2017 09:27 Asia/Dushanbe
  • Ихтирои яхдоне боби майли танбалҳо

Ширкати “Панасоник” ба тозагӣ як робот-яхдон тарроҳӣ кардааст, ки метавон онро беҳтарин ҳадя барои танбалҳо донист.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, робот-яхдони ҷадиди ширкати “Панасоник” дар конфронси IFA, дар Берлини Олмон рӯнамоӣ шуд, ки вақте садо зада мешавад, ба самти садо рафта ва хидматрасонӣ мекунад.

Ин робот қодир аст барои корбарон ғизо ва нӯшиданӣ бибарад ва ҳатто зарфҳои ношустаро анбор карда ва барои тамиз кардан ба ошпазхона интиқол диҳад.

Ин робот-яхдон фазои ошпазхонаро дарк ва шиносоӣ карда, масири худро ба сурати ҳушманд интихоб мекунад ва ашёву аҷсоми мухталифро дар масири ҳаракати худ ташхис медиҳад то бархурде бо онҳо надошта бошад.

Ин робот-яхдон дар ҳоли ҳозир як намунаи аввалия аст, аммо “Панасоник” мегӯяд, ин робот то панҷ ё шаш соли оянда ба бозор хоҳад омад.