Сентябр 03, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ҳамлаи ДИИШ ба шиаён бо кумаки Амрико будааст

Гурӯҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон бо ишора ба ҳамалоти ахир алайҳи шиаён дар Афғонистон эълом кард, ки ДИИШ бо ҳидояти Амрико ин ҳамалотро созмонедеҳӣ мекунад, зеро Толибон бо шиаён ҳеҷ тазод ва мушкиле надорад.

Ба гузориши “Тасним”, номае мансуб ба Толибон мунташир шудааст, ки бар асоси он фармондеҳи худхондаи Толибон дар ҷануби Афғонистон, тайи номае аз тарафи мақомоти аршади ин гурӯҳ гуфта, ки ин гурӯҳ бо маросимҳои мазҳабии шиаён дар Афғонистон мушкиле надошта ва акнун низ надоранд. Дар ин нома омадааст, ки «барои тамоми бародарони аҳли ташайюъ аз тарафи бузургон Иморати исломӣ иттилоъ дода мешавад, ки бо маросимҳои мазҳабии шумо ҳеҷ тазод ва мушкиле надошта ва надорем».

Бар асоси номаи Толибон, инфиҷорҳо ва ҳамалот ба масоҷиди шиаён дар гузашта ва ё оянда иртиботе бо Толибон надорад ва ин гурӯҳ бо он мувофиқ нест. Фармондори худхондаи Толибон дар «Гришк» ба намояндагӣ аз ин гурӯҳ хотирнишон кард, ки дар замони ҳокимияти Иморати исломӣ чунин ҳаводисе бавуқуъ напайваст ва ҳатто дар замони Ҳомид Карзай низ ингуна ҳаводис бавуҷуд наомад.

Дар номаи Толибон бо ишора ба ҳамалот алайҳи шиаён омадааст, ки «акнун ин воқеаҳои золимона бавуқуъ пайваста ва ин кори ДИИШ аст ва ДИИШ низ бо тарбият ва сарпарастии Амрико чунин иқдомотеро анҷом медиҳад». Дар ин нома таъкид шудааст, ки ҳимояти Амрико аз ДИИШ собит шудааст ва силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии онҳо гувоҳи равшанӣ аст. Дар поёни ин нома, Толибон тасреҳ кардааст, ки шиаёни Афғонистон аз сӯи Толибон хотирҷамъ бошанд, аммо тадобир ва ҳифозати маросимҳои мазҳабиро худашон иттихоз кунанд.