Сентябр 04, 2017 08:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури тоҷикон дар эътирози мусалмонони Маскав ба куштори мусалмонони Роҳингия

Наздик ба ҳазору 500 нафар аз мусалмонони Русия, ки миёни онон коргарони муҳоҷири тоҷик низ ҳузур доштанд, бо таҷаммуъ дар баробари Сафорати Мянмар дар Маскав, эътирози худро ба куштори мусалмонони роҳингияӣ ба дасти артишу буддоиҳои ифротӣ иброз карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Дожд”, мусалмонони Маскав рӯзи якшанбе, сеюми сентябр бо маҳкум кардани қатли оми мусалмонони роҳингияӣ ба дасти артишу буддоиёни ифротии Мянмар, хостори поён додан ба ин наслкушӣ шуданд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки нерӯҳои вижаи полиси Маскав бидуни дахолат ба ин эътироз эълом кардаанд, ки ҳадафи онон таъмини амнияти Сафорати Мянмар дар пойтахти Русия аст.

Шабакаи телевизионии “Дожд” ба нақл аз мақомоти полиси Маскав гузориш дод, ки дар оғози ин таҷаммуи эътирозӣ аз мусалмонони муътариз дархост шуда буд, ки барои баргузории чунин иқдоме муҷаввиз бигиранд, аммо бо афзоиши шумори ширкаткунандагон дар ин эътироз, полис эълом кард, ки набояд ба Сафорати Мянмар дар Маскав осеб зада шавад ва муътаризон бояд пас аз баргузории таҷаммуи хеш бираванд.

Ҳамчунин муътаризон ба куштори мусалмонони роҳингияӣ ба дасти артишу буддоиҳои ифротии Мянмарӣ, намози зуҳрро дар баробари сафорати ин кишвар дар Маскав иқома карданд.

Бино бар гузориши Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар пайи ташдиди хушунатҳои хунин ҳудуди 60 ҳазор мусалмонони роҳингияӣ ба Бангладеш гурехтаанд.

Даври ҷадиди хушунатҳои хунин зидди мусалмонони роҳингияӣ пас аз иқдоми ахири артиши Мянмар дар гусели нерӯҳои худ ба вилояти ғарбии Мянмар оғоз шуд.