Сентябр 04, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел барои таваққуфи куштори мусулмонони Миянмар

Малола Юсуфзай, духтари навҷавони покистоние, ки дар соли 2014 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, дар номае ба раҳбари Миянмар таваққуфи куштори мусулмонон Руҳингёро дар ин кишвар хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Малола Юсуфзай, дар номае ба Аунг Сан Су Чжи, раҳбари Миянмар, ки худ низ аз барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел аст, хост, то аз қобилиятҳои худ барои таваққуфи ранҷу куштор ва хушунат алайҳи мусулмонон Рӯҳингиё истифода кунад.

Малола Юсуфзай аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳам хостааст ба мусулмонон Руҳингё кумак кунанд.

Аз рӯзи ҷумъаи (25 август) гузашта токунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти артиш ва буддоиёни ифротии Миянмар зидди мусулмонони Руҳингё дар устони Рохини ин кишвар, беш аз чаҳорсад нафар кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони мудофеи ҳуқуқи мусулмонони Руҳингё низ эълом кардаанд, беш аз ҳазор мусулмони Роҳингё аз тарафи неруҳои артиши Миёнмар кушта шудаанд.

Беш аз 75 ҳазор мусулмон Руҳингё низ дар ин муддат дар пайи хушунатҳои неруҳои амниятии Миянмар, манозилашонро тарк ва ба Бангладеш фирор кардаанд.

Малола Юсуфзай, ки сафири сулҳи Созмони Милал низ ҳаст, духтари навҷавоне аст, ки дар дифоъ аз ҳаққи омӯзиш аз сӯи Толибон ҳадафи гулӯла қарор гирифт.

 

Барчасп