Сентябр 04, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши БРИКС дар кумак ба сулҳи ҷаҳонӣ

Ҳамзамон бо баргузории нишасти сарони гурӯҳи мавсум ба БРИКС дар Чин раисҷумҳури ин кишвар бар лузуми нақшофаринии он дар тақвияти сулҳу суботи ҷаҳонӣ таъкид кард.

Си Ҷин Пин дар ҷамъи намояндагони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар шаҳри Сямэни вилояти Футсзян аз онон хост, нақши созандае дар бартараф кардани чолишҳои минтақаӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ дошта бошанд. Ӯ бо ишора ба аҳамияти гуфтугӯ ва музокира барои рафъи буҳронҳои Сурия, Лубнону Фаластин бар лузуми истифода аз абзорҳои сиёсӣ ба ҷойи гузинаҳои низомӣ таъкид кард.

Гурӯҳи БРИКС муташаккил аз кишварҳои муҳими иқтисодӣ ва рӯ ба тавсеаи Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ ва Чин таҳти унвони гурӯҳи иқтисодӣ дар соли 2006 ташкил шуд. Бинобар ин ба назар мерасад, дархости раисҷумҳури Чин барои нақшофаринии БРИКС дар таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва кумак ба барқарории сулҳи ҷаҳонӣ аз аҳдофи аввалияи ин гурӯҳ, ки тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, фосила дорад, бахусус бо таваҷҷуҳ ба он ки дар миёни панҷ кишвари аъзо танҳо Русия ва Чин нақши фаъоле дар таҳаввулоту муноқишоти ҷаҳонӣ доранд. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, Чин дар садад аст, дар чорчӯби эҷоди абзорҳои лозим барои маҳори сиёсатҳои таҳоҷумии Амрико баъд аз Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки умдатан кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҷануби Осиёро дар бар мегирад, бо тақвияти мавқеияти сиёсии БРИКС ташаккулии фароминтақаиеро пуштвонаи сиёсатҳо ва барномаҳои худ кунад. Зеро Чин дар ростои пешрафтҳои иқтисодии худ ба ҳеҷ унвон тамоюле барои рӯёрӯӣ бо Амрико ва танишофаринӣ надорад.

Ба ақидаи Кент Шуртген, коршиноси масоили байналмилалӣ, БРИКС дар ҳоли қудратнамоии бештар ва поён додан ба султаи 400-солаи Ғарб барои таъйини сарнавишти ҷаҳон аст ва пайвастани кишварҳои рӯ ба тавсеа дар оянда ба ин гурӯҳ яке аз иттифоқоти муҳим ва таъсиргузор хоҳад буд. Дар оянда мумкин аст, ин гурӯҳи иқтисодӣ мӯҷиби шаклгирии иттиҳоди бузурги сиёсӣ алайҳи блоки Ғарб шавад. Бо ин ҳол, БРИКС замоне метавонад ғояи табдил шудан ба қудрати таъсиргузори сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳониро амалӣ кунад, ки ибтидо ихтилофоти дарунии худро ҳал кунад. Чин бо Ҳиндустон ихтилофоти арзию марзӣ дорад ва дигаре аз ихтилофоти ин ду кишвар дар мавриди иҷрои тарҳи иқтисодии Чин мавсум ба "Як ҷода-як камарбанд" аст, ки ахиран мунҷар ба сафороии нерӯҳои онҳо дар марзҳояшон ҳам шуд.

Кент Рапоза, коршиноси маҷаллаи “Форбс” муътақид аст, "илова бар ихтилофоти марзӣ дар хеле аз ҳавзаҳои калидӣ кишварҳои БРИКС дар рақобати стратегӣ ба сар мебаранд. Ҳинду Русия мавонеи қудратманде алайҳи султаталабиҳои минтақаии Чин маҳсуб мешаванд. Дар сатҳи байналмилалӣ Русия, Бразилия ва Ҳинд хоҳони зуҳури як системаи чандқутбии ҷаҳонӣ ҳастанд. Бар хилофи онҳо Чин дар пайи эҷоди як ҷаҳони дуқутбӣ аст, ки ин кишварро дар муқобили Иёлоти Муттаҳида қарор диҳад".

Ба ҳар ҳол, БРИКС дар сурате ки бо кашмакишҳои дарунӣ барои баҳрабардории абзорӣ аз он чун пуштувонаи сиёсатҳои аъзо қарор нагирад, метавонад дар оянда ба рушди иқтисодии худ, ки пешбинӣ мешавад, дар соли 2035 гурӯҳи ҳафт кишвари саноатиро ҷилав бизанад, ба гурӯҳи таъсиргузори байналмилалӣ табдил шавад.

 

Барчасп