Сентябр 05, 2017 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии НАТО ба маросими арӯсӣ дар шарқи Афғонистон

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), таҳти фармондеҳии Амрико маросими арӯсӣ дар шарқи Афғонистонро ба азо табдил кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини нерӯҳои НАТО дирӯз як маросими арӯсиро дар ноҳияи Қарабоғ, дар вилояти Ғазнӣ бомбаборон карданд, ки бар асари он ду тан кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

 Бархе манобеи хабарӣ шумори куштаҳои ин ҳамлаи ҳавоиро дастикам бист тан эълом карданд.

Низомиёни амрикоӣ ва НАТО борҳо бемористонҳо, манотиқи маскунӣ ва маросими ҷашну азо дар манотиқи мухталифи Афғонистонро ҳадаф қарор додаанд, ки бар асари он ҳазорон нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳудуди 14 ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла 11 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва Вашингтон дар садади афзоиши низомиёни худ дар ин кишвар аст.

 Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм то кунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои ин кишвар надоштааст ва ноамнӣ рӯз ба рӯз дар Афғонистон афзоиш меёбад.

 

Барчасп