Лағви маҳдудияти вазни кулоҳакҳои мушакии Кореяи Ҷанубӣ
(last modified Tue, 05 Sep 2017 07:29:13 GMT )
Сентябр 05, 2017 12:29 Asia/Dushanbe
  • Лағви маҳдудияти вазни кулоҳакҳои мушакии Кореяи Ҷанубӣ

Сеул дар баёнияе эълом кард, Мун Ҷеин, раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико тавофуқ карданд маҳдудияти вазни кулоҳакҳои мушакии Кореяи Ҷанубиро лағв кунанд.

Ба гузориши ИРНА, тибқи паймони мушакӣ миёни Сеул ва Вашингтон, кулоҳакҳои ҷангии Кореяи Ҷанубӣ наметавонад бештар аз панҷсад килограм вазн дошта бошад.

Лағви ин маҳдудият дар миёни танишҳо пас аз озмоиши бомбаи ҳидрогении Кореяи Шимолӣ, ба Кореяи Ҷанубӣ ин имконро медиҳад, ки дар сурати бурузи даргирии низомӣ бо нерӯи бештар Кореяи Шимолиро ҳадаф қарор диҳад.

Кореяи Ҷанубӣ эълом кардааст, ки нишонаҳое дар даст аст, ки нишон медиҳад эҳтимолан Кореяи Шимолӣ мушакҳои бештаре озмоиш хоҳад кард.

Сеул гуфтааст, ки дар ҳоли музокира бо Амрико барои истиқрори нови ҳавопаймобар ва бомбафканҳои роҳбурдӣ дар нимҷазираи Корея аст.

 Яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ лағви қатъи хутути интиқоли нафт ба ин кишвар аст.