Путин: Трамп ҳамсарам нест, ки аз ӯ ноумед шавам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22640-Путин_Трамп_ҳамсарам_нест_ки_аз_ӯ_ноумед_шавам
Раисҷумҳури Русия дар посух ба ин суол, ки оё аз ҳамтои амрикоии худ ноумед шудааст, гуфт: Трамп номзад ё ҳамсарам нест, ки ӯ ноумед шавам!
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2017 11:55 Asia/Dushanbe
  • Путин: Трамп ҳамсарам нест, ки аз ӯ ноумед шавам

Раисҷумҳури Русия дар посух ба ин суол, ки оё аз ҳамтои амрикоии худ ноумед шудааст, гуфт: Трамп номзад ё ҳамсарам нест, ки ӯ ноумед шавам!

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Владимир Путин рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигоре, ки аз ӯ пурсид, “оё аз раисҷумҳури Амрико ноумед шудааст?” гуфт: «Саволат хеле содда ба назар мерасад. Раисҷумҳури Амрико номзад ё ҳамсари ман нест ва ман ҳам номзад ё ҳамсари ӯ нестам. Ҳар яке аз мо барои кишвармон корҳоеро анҷом медиҳем, ки дар анҷоми он корҳо манофеи хоси кишвармонро дар назар мегирем». Путин афзуд: “Трамп дар фаъолиятҳои худ манофеи олии кишварашро дар назар мегирад ва ман ҳам ба манофеи миллии кишварам таваҷҷуҳ дорам”.

Путин дар бораи равобити Русия ва Амрико гуфт, гуфтугӯ бо афроде, ки байни Австрия ва Австралия тафовуте қоил намешаванд, душвор аст. Ишораи Путин дар ин киноя ба Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури асбақи Амрико буд, ки дар яке аз сафарҳои худ ба Австралия дар соли 2007 Австралия ва Австрияро ба иллати талаффузи шабеҳи онҳо дар забони англисӣ бо ҳам иштибоҳ карда буд.