Тасмими Бангладеш ба ҷойгирсозии паноҳҷуёни Руҳингиё дар як ҷазираи хатарнок
(last modified Wed, 06 Sep 2017 05:46:25 GMT )
Сентябр 06, 2017 10:46 Asia/Dushanbe
  •  Тасмими Бангладеш ба ҷойгирсозии паноҳҷуёни Руҳингиё дар як ҷазираи хатарнок

Дар пайи фоҷиаи зиддибашарии артиши Миёнмар , Бангладеш қасд дорад як ҷазираи селхези ин кишвар дар халиҷи Банголро барои ҷойгирсозии муваққати даҳҳо ҳазор мусулмони Руҳингиё омода кунад.

 Ба гузориши ИРНА, Ич. Ти. Имом- мушовири сиёсии Шайх Ҳусайна-нахуствазири Бангладеш гуфт: Наметавон аз вуруди мусулмонони Руҳингиё ба Бангладеш, ки аз зулму ситами давлати Миёнмар мегурезанд ҷилавгирӣ кард ва мақомҳои Дакка аз созмонҳои байналмиллалӣ дархост карданд, то шароити имкони иқомати муваққати ин паноҳҷуёнро дар ҷазираи Тенгар Чар фароҳам кунанд.

 Ҷазираи навзҳури Тенгар Чар, ки танҳо 11 сол аст аз об хориҷ шудааст, дар фасли тобистон дучори селҳои пай дар пай мешавад ва вақте баҳр ором аст шоҳиди гаштугарди дуздони баҳрӣ барои ба гаравгон гирифтани моҳигирон аст.

 Хабаргузории Райтер бар асоси мушоҳидоти намояндаи худ, ин ҷазираро замини софи бидуни ҳеҷ падидаи ҷуғрофиёӣ тавсиф карда, ки ҳеҷ ҷода ё биное надорад.

  Дар ҳоле, ки тарҳи ҷойгирсозии муҳоҷирон дар ин ҷазира, ки барои аввалин бор дар соли 2015 ироа шуд, бо интиқодҳои фаровони байналмиллалӣ рӯбарӯ шуд, давлати Бангладеш исрор дорад, ки интихоби маҳалли урдугоҳи муҳоҷирон тасмиме дар қаламрави сиёсати дохилӣ аст.

 Ҳамзамон бо афзоиши ҳузури низомёни миёнмарӣ дар устони Рохин аз аввалҳои моҳи гузашта ва шиддатёбии саркуби мусулмонон , ҳазорон нафар аз мусулмонони Руҳингиё  хонааву кошонаи худро тарк карда ба Бангладеш фирор кардаанд.

 Ҳудуди 500 ҳазор мусулмони Руҳингиё аз даҳаи 1970 дар Бангладеш зиндагӣ мекунанд.

 Аз рӯзи ҷумъа 25 август то кунун дар мавҷи нави ҳамлаҳои саркубгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмар алайҳи мусулмонони руҳингёӣ беш аз чаҳорсад тан ҷон бохтаанд.