Сентябр 07, 2017 12:51 Asia/Dushanbe
  • Чин: Сохтори Созмони Милали Муттаҳид бояд ислоҳ шавад

Раиси ҷумҳурии Чин ислоҳот дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти ин созмонро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ши Ҷинпинг дар поёни иҷлоси сарони БРИКС дар шаҳри Сямини Чин хостори он шуд, ки сохтори СММ ва Шӯрои амнияти ин созмон тағйир кунад ва саҳми бештаре барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар назар гирифта шавад.

 Раиси ҷумҳурии Чин ҳамчунин мутааҳҳид шуд, кишвараш барои бархурд бо падидаҳое ҳамчун қаҳтӣ, таҳаввулоти иқлимӣ, беҳдоштӣ ва масъалаи паноҳҷӯён то 80 миллион доллар дар ихтиёри кишварҳои дар ҳоли тавсеаи қарор диҳад.

Раиси ҷумҳурии Чин ҳамчунин аз баргузории 40 ҳазор давра барои эҷоди фурсатҳои шуғлии ҷадид дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа то соли оянда хабар дод ва афзуд, дар иқтисоди навини ҷаҳонӣ кишварҳои дар ҳоли тавсеа бояд ба пешбурди сомонаҳои тиҷории чандҷониба ва ҷаҳонӣ кӯмак кунанд.

Тиҷорати Чин бо кишварҳои гурӯҳи БРИКС дар ҳафтмоҳаи нахусти имсол бо рушди 26 дарсадӣ ба 167 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.

Гурӯҳи БРИКС, ки дар соли 2006 таъсис шудааст, муташаккил аз панҷ кишвари Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ ва Чин аст.

 

Барчасп