Август 14, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Ҳаёти Исроил тӯлонӣ нахоҳад буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки ҳаёти Исроил тӯлонӣ нахоҳад буд, гуфт: "Дар соли 2006 Амрико барои таҷовуз алайҳи Лубнон тасмим гирифт ва Исроил онро иҷро кард".

Расонаҳои лубнонӣ гузориш доданд, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки шанбешаб дар маросими даҳумин солгарди пирӯзии муқовимати исломӣ дар ҷанги тобистони соли 2006 (ҷанги 33 рӯза) муқобили душмани саҳюнистӣ сухан мегуфт, афзуд: "Муқовимат бо ноком сохтани аҳдофи таҷовузи амрикоӣ-исроилӣ алайҳи Лубнон ба муваффақияте торихӣ ва роҳбурдӣ даст ёфт".

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки аз тариқи видео-конфронс сухан мегуфт, аз аҳолии муқовимат, шуҳадо ва ҷонбозон ва хонаводаи онҳо, размандагон ва миллату давлати Лубнон ва расонаҳо ва ҳамчунин ҳомиёни муқовимати Лубнон, ба вижа Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии арабии Сурия қадрдонӣ ва ташаккур кард.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ таъкид кард, аз натоиҷи пирӯзии муқовимат дар ҷанги 33 рӯза, фурӯпошии низоми Исроил дар дохил, радду бадали иттиҳомҳо байни афсарон ва сарбозон, барканорӣ ва истеъфоҳо ва тағйирот дар артиши Исроил ва беэътимодӣ байни фармондеҳон ва сарбозони исроилӣ буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт, Амрико пас аз шикасти тарҳи "Ховари миёнаи ҷадид" ва пойдории муқовимат дар Лубнон, Фаластин, Сурия ва Эрон ва нотавонии он дар тағйири муодилаҳо дар Афғонистон ва Ироқ ба сиёсати ҷанги ниёбатӣ аз тариқи ҳимояти ҳамаҷонибаи Саудӣ ва амсоли он аз террористҳои такфирие назири Алқоида, ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра мутавассил шудааст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: "Мо гузинае дигар ба ҷуз мубориза ва ҷанг бо террористҳои такфирӣ надорем ва ҳар рӯз ки мегузарад, дурустии интихоби ин гузина ва рафтани Ҳизбуллоҳ ба Сурия бештар собит мешавад".

 

Барчасп